Полис дар Яман як тазоҳуркунандаро кушт

Бино ба гузоришҳои расида, имрӯз нируҳои амниятии Яман як нафар тазоҳуркунандаро ҳадафи тир қарор додаанд ва чанд нафари дигарро захмӣ кардаанд. Нируҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳуркунандагон ба сӯи онҳо оташ кушодаанд. Дар ин кишвар 10 рӯз тазоҳуроти эътирозӣ барои истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман идома дорад. Тазоҳуроти имрӯз бо раҳпаймоӣ аз донишгоҳи Санъо-пойтахти Яман оғоз шуд ва то ба назди бинои вазорати адлия расид. Вале дар он ҷо нируҳои полис ва ҷонибдорони давлат бар зидди онҳо сангандозӣ карданд. Сипас полис ба сӯи муътаризон оташ кушод. Дар давоми 10 рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ дар Яман ҳудудан 7 нафар кушта шудаанд.