Рӯзи изҳори "адоват" ба мухолифин дар Эрон

Имрӯз дар Теҳрон бо мусоидати давлати Эрон гирдиҳамоие доир шуд, ки дар он тарафдорони режим нисбат ба мухолифин изҳори «адоват» карданд. Дар пайи намози ҷумъа, тавре телевизиони давлатии Эрон намоиш медод, издиҳоми бузурге бо шиорҳои зидди Амрикову Исроил ба сӯи майдони Инқилоб мерафтанд. Тазоҳургарон ҳамчунин эъдоми раҳбарони мухолифини Эрон Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубиро талаб мекарданд. Чунин намоишҳо дар шаҳрҳои дигари Эрон низ доир шудааст. Ин ба дунболи тазоҳуроти рӯзи душанбеи мухолифин аст, ки даҳҳо ҳазор нафарро гирд овард ва бар асари даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ 2 нафар кушта шуданд. Каррубӣ ва Мӯсавӣ ҳарду аз ҳамон рӯз таҳти ҳабси хонагӣ қарор доранд.