Ҳушдори вазири Фаронса аз хатари афзоиши нархҳо

Бруно Ле Марӣ, вазири кишоварзии Фаронса, ҳушдор дод, ки афзоиши қимати маводи ғизоӣ метавонад, дар саросари ҷаҳон ошӯб барангезад. Бруно Ле Марӣ гуфт, тавлиди нокофии маводи ғизоӣ барои аҳолии курраи Замин сабаби болоравии нархҳо шудааст. Ҳушдори Ле Марӣ дар Созмони Милал дар ҳоле садо дод, ки Муассисаи кишоварзии ин созмон гуфт, қимати маводи ғизоӣ дар моҳи январ ба таври бесобиқа боло рафтааст. Дар Тоҷикистон қимати маводи ғизоӣ дар моҳи декабри соли гузашта назар ба соли 2007 60 дар сад боло рафтааст.