Дар ҷануби Яман як эътирозгар кушта шуд

Бино ба хабарҳо, пулиси Яман имрӯз дар шаҳри ҷанубии Адан алайҳи издиҳоме, ки алайҳи давлат эътироз мекард, оташ кушода, дастикам як нафарро ба ҳалокат расондааст. Ин дар ҳолест, ки даргириҳо байни мухолифин ва тарафдорони раҳбари Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар пойтахташ – Санъо- 4 рӯз боз идома дорад. Эътирозгарон дар Донишгоҳи Санъо гирди ҳам омада, қасд доштанд ба сӯи маркази пойтахт раҳпаймоӣ кунанд, вале дар назди дари донишгоҳ дучори ҳамлаи тарафдорони бо сангу калтак ва корд мусаллаҳи давлат шуданд. Бино ба хабарҳо, дастикам 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.