Дар Беларус ба додгоҳи тазоҳургарони моҳи декабр дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботӣ боздоштшуда омодагӣ мегиранд. Қарор аст, ин додгоҳҳо фардо оғоз шавад. Мақомоти Беларус дар ҷараёни эътирозҳое, ки дар пайи эълони пирӯзии раиси ин ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка дар интихоботи 19 декабр пойтахти кишвар, шаҳри Минскро фаро гирифт, садҳо нафар, бо шумули 5 рақиби Лукашенка дар интихоботро боздошт карданд. ИА ва Амрико дар пайи саркӯбии ин эътирозҳо алайҳи мақомоти Минск таҳримот ҷорӣ карда, ба раҳоии эътирозгарон даъват карданд. Нозирони байналмилалӣ интихоботи Беларусро ҷавобгӯи меъёрҳои як райъгирии озод надонистанд.