Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми таҷлил аз солгарди 32-юми инқилоби исломии Эрон ин рӯйдодро "оғози бедорӣ"-е номид, ки баъди се даҳсола ба кишварҳои дигари исломӣ густариш ёфт. Аҳмадинажод гуфт, Ховари Миёна ба зудӣ аз Амрикову Исроил халос хоҳад шуд. Инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон мунҷар ба суқути Паҳлавиҳо, хонаводаи подшоҳии рӯи ба Амрико шуд. Мақомот мегӯянд, раҳпаймоиҳои имсола иқдоме ба манзури намоиши ҳусни якдилӣ бо мардуми Миср низ хоҳад шуд. Аммо мақомоти Эрон ба раҳбарони мухолифин иҷозат надоданд, то рӯзи душанбе ба нишони ҳимоят аз эътирозгарони мисрӣ чунин гирдиҳамоӣ доир кунанд.