Мақомоти Тунис мегӯянд, як гурӯҳи мусаллаҳи марбут ба раиси барканоршудаи ин ҷумҳурӣ Зайналобуддин Бен Алиро боздошт кардаанд. Мақомот ин гурӯҳро ба даст доштан дар хушунатҳои ахир гумонбар медонанд. Се ҳафта баъд аз фирори Бен Алӣ ва аъзои хонаводааш аз Тунис амният зоҳиран ба ин кишвари арабӣ бармегардад. Вале дар рӯзҳои ахир дар пайи хушунатҳое, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 5 нафар дар музофот шуд, сарбозони захиравии артишро низ ба хотири таъмини тартибот басиҷ кардаанд.