Таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон

Раҳпаймоиҳои давлатӣ ба манзури таҷлил аз солгарди 32-юми инқилоби исломии Эрон имрӯз дар саросари ин кишвар доир шуд. Бино ба хабарҳо, садҳо ҳазор нафар аз самтҳои мустақим роҳии майдони Озодӣ дар Теҳрон шудаанд. Интизор меравад, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳамин майдон ба издиҳом муроҷиат кунад. Тазоҳургарон шиорҳоеро бардоштаанд, ки аз эътирозҳо дар ҷаҳони Араб ҳимоят ва Амрикоро баръакс маҳкум мекунанд. Мақомот мегӯянд, раҳпаймоиҳои имсола иқдоме ба манзури намоиши ҳусни якдилӣ бо мардуми Миср низ хоҳад шуд. Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ хостори истиқрори режими исломӣ дар Миср шудааст.
Аммо мақомоти Эрон ба раҳбарони мухолифин иҷозат надоданд, то рӯзи душанбе ба нишони ҳимоят аз эътирозгарони мисрӣ чунин гирдиҳамоӣ доир кунанд.