Cуханронии Муборак дар телевизиони Миср мабнӣ бар идомаи ҳукуматаш, вокунишҳои манфӣ дар пай доштааст.
Муҳаммад Ал-Бародаӣ, раиси пешини Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ ва аз пешвоёни ҳаракати мардумӣ, пешгӯӣ кард, ки "Миср мунфаҷир мешавад" ва афзуд "артиш акнун бояд кишварро наҷот диҳад".
Виллям Ҳейг, вазири корҳои хориҷии Британиё хостори гузори муназзам шуд ва гуфт, кишвараш бо диққат суханҳои Муборак ва Сулаймонро хоҳад омӯхт. Николя Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса гуфт, умедвор аст, ки Миср аз роҳи демократӣ пеш хоҳад рафт ва низоми дигари диктатуриро рӯи кор нахоҳад овард. Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ изҳор дошт, ки "ҳоло вақт барои тағйири ҳукумат дар Миср фаро расидааст."
Он гуна ки интизор мерафт, Муборак дар ин суханронӣ истеъфои худро эълон накард ва мардум дар поёни суханронии вай навмед шуданд ва сару садоҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира дубора боло гирифт. Онҳо қавл додаанд, ки имрӯз бо теъдоди бештар ба хиёбонҳо мерезанд ва истеъфои вайро тақозо мекунанд.
Тазоҳуркунандагон мегӯянд, имрӯз дар назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд. Умар Сулаймон, муовини раисиҷумҳур низ баъд аз суханронии Муборак ба тазоҳуркунандагон гуфт, ки ба хонаҳояшон раванд, аммо онҳо ба гуфтаҳои Сулаймон амал накарданд, балки ба суханронии Муборак бо ғазаб посух доданд.
Муборак зимни суханонаш гуфт, музокира бо намояндагони мухолифон оғоз шудааст ва дархостҳои мардум дар бораи тағйирот иҷро хоҳад шуд. Вай бори дигар гуфт, дигар номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Миср пешбарӣ нахоҳад кард. Ба гуфтаи Муборак, то моҳи сентябр давраи гузор анҷом мегирад ва чунин бармеояд, ки вай давраи гузорро раҳбарӣ хоҳад кард ва дар Қонуни Асосӣ тағйирот ворид хоҳад омад.
Дар ин суханронӣ Ҳуснӣ Муборак изҳор дошт, ки баъзе аз салоҳиятҳои худ, яъне салоҳиятҳои раисҷумҳурро ба муовини худ Умар Сулаймон вогузор хоҳад кард. Муборак дар рӯзҳои аввали тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони Таҳрир Умар Сулаймон, раиси хадамоти кашфи Мисрро муовини худ баргузид.
Аз Алиризо Нуризода, таҳлилгари умури Ховари Миёна пурсидем, ки чаро Ҳуснӣ Муборак ба истеъфо нарафт ва чӣ чиз барои ин амр сабаб буда метавонад?
Нуризода: "Касоне, ки тасаввур мекунанд, истеъфои раисҷумҳур содда анҷом мегирад, каме бояд ба умқи ҷомеаи Миср ва ба қонунҳои Миср таваҷҷӯҳ кунанд. Аз соли 1954, яъне баъд аз ду соли рӯи кор омадани афсарони озод, аввал генерал Наҷиб ва баъд Абдулносир то имрӯз танҳо 18 моҳ дар замони президент Анвар Содот, Миср қонуни фавқулодда надошт. Ин қонуни фавқулодае, ки ҳоло дар Миср ҳаст, инро намешавад бо ҳарфи раисҷумҳур лағв кард. Баръакс, бояд раисҷумҳур дастури лағви онро ба парлумон диҳад. Ё қонунҳое ҳаст, ки сирфан раисҷумҳур метавонад онҳоро тағйир диҳад. Агар оқои Муборак бихоҳад биравад, ин ба маънои он аст, ки ё оқои Фатҳӣ Сурур, раиси парлумоне, ки мавриди эътиқоди мардуми Миср нест, раисҷумҳури муваққат шавад, ки битавонанд интихоботро баргузор кунанд ё раиси Девони Олии кишвар ин симматро ӯҳдадор шавад. Аммо агар чунин иттифоқ биафтад, дар чунин ҳолат Қонуни Асосии Миср ба ин ду тан иҷозаи парокандашави парлумонро нахоҳад дод. Дар айни ҳол, инҳо қодир нахоҳанд буд қонунҳоро иваз кунанд. Як роҳи дигар мемонад ва он ин аст, ки артиш кудато кунад ва тамоми қонунҳо, аз ҷумла Қонуни Асосиро, лағв ва парлумонро мунҳал кунад. Дар он сурат, бояд ҳукумати низомӣ эълон кунанд, барои шаш моҳ ё як сол ва дар он муддат ислоҳотро анҷом диҳад."
Суол: Муборак зимни суханони худ гуфт, ки баъзе салоҳиятҳои худро ба муовинаш ба Умар Сулаймон вогузор хоҳад кард. Акнун қазия аз чӣ роҳе пеш хоҳад рафт?
Нуризода: "Муборак тибқи Қонуни Асосӣ, ҳамаи ихтиёроташро наметавонад ба муовинаш вогузор кунад. Муовин ҳолати инро дорад, ки масалан раиси ҷумҳур дар сафар аст ё мариз бошад. Аммо боз ҳам мутобиқи Қонуни Асосӣ ва мутобиқи қонуни фавқулодда, баъзе аз корҳо дар дасти раиси ҷумҳур мемонад. Ҳоло чӣ иттифоқ афтодааст? Оқои Муборак ба унвони як намод эҳтимолан аз фардо ё як ҳафтаи дигар меравад ба Шармушшейх ё ҳатто мумкин аст барои муолиҷа ба Олмон равад. Дар чунин ҳолат, Умар Сулаймон дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ қарор мегирад. Фақат тавофут ин аст, ки ҳар коре, агар аз ихтиёроти вай берун бошад, ба номи оқои Муборак ё иттилоия медиҳанд ё оқои Муборак як имзо мегузорад ва дар ин сурат низом ҳифз мешавад ва интиқоли қудрат ба сурати мусолиматомез ва дар як прусса, ки чанд моҳ тӯл мекашад, анҷом мегирад. Агар ин прусса муваффақ шуд ва Миср оромиш пайдо кард, баъид нест, ки оқои Муборак баъд аз се моҳи дигар ё ду моҳи дигар аз қудрат канорагирӣ кунад ва ин ҷараён бо оромиш пеш равад."
Суол: Пас, чӣ метавон кард бо ин норизоятиҳои мардум, ки аз дақиқаҳои поёнии суханронии оқои Муборак дубора шурӯъ шуд?
Нуризода: "Ҳоло дар майдон эҳсосот ҳоким аст. Шаб агар мардум ба манзилҳояшон раванд, албатта, он бахше, ки мераванд, андеша кунанд ва дар айни ҳол бубинанд, артиш ҷаласаи сарони низомиро ташкил дод ва эълон кард, ки ин ҷаласа мафтуҳ хоҳад буд. Ин бад-он маъност, ки ҳар дақиқа мумкин аст артиш ҳавсалааш сар равад ва бигӯяд, ки дигар бас аст ва ҳамаи имтиёзот дода шудааст ва артиш вориди кор шавад. Ин бисёр хатар дорад. Оқои Аҳмад Абуғайс, вазири умури хориҷии Миср дар мусоҳиба бо "Ал-Арабия" дар ин замина ҳушдор дод ва гуфт, агар хиёбон ҳамчунон пофишорӣ кунад, мумкин аст, бадтарин вазъ пеш ояд ва артиш мудохила кунад."
Суол: Ба назари шумо номзадҳои эҳтимолӣ барои мақоми раёсати ҷумҳурии оянда чӣ шахсиятҳое хоҳанд буд?
Нуризода: "Бастагӣ дорад ба он, ки чӣ сенарияе пеш мебаранд. Агар ба ҳамин минвол пеш равад, ба назари ман, оқои Амр Мӯсо бахти бештаре дорад барои раёсати ҷумҳурӣ. Албатта, бояд дар назар дошт, ки шуморе аз низомиён, ки имрӯз либоси ғайринизомӣ пӯшидаанд, мисли худи оқои Умар Сулаймон ва мисли оқои Аҳмад Шафиқ, нахуствазир ё мисли фармондеҳи артиш, мумкин аст инҳо ҳар кадом алоқаманд бошанд, ки бахти худро озмоиш кунанд. Вале агар ҳадаф шахси ғайринизомӣ бошад, оқои Амр Мӯсо, раиси ҷомеаи кишварҳои арабӣ ба хотири ҷойгоҳи байналмиллалияш метавонад номзади муносибе бошад. Муҳаммади Бародаӣ хеле орзуи ин мақомро дорад, вале вай пойгоҳи мардумӣ надорад. Мардест, ки тамоми умраш дар хориҷ аз Миср будааст."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад