Қазоқистон ду зани узбакро ихроҷ мекунад

Ҳамсарони ду паноҳҷӯи ҷавони узбак ба таҳдиди ихроҷи ногузир аз Қазоқистон рӯбарӯ шудаанд. Додгоҳи Алма-Ато дирӯз ҷиҳати то поёни ҳафта ба Узбакистон ихроҷ кардани Дилдора Амирқулова ва Шаҳноза Муродова қарор баровард. Онҳо ҳамсарони бародарон Суннатулло ва Сӯҳроб Қӯлдошеванд, ки аз 25 январ дар Алма-Ато дар боздошт қарор доранд. Онҳо соли гузашта ба Қазоқистон омада, дархости паноҳандагӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ҳарду бародар аз сӯи Тошканд таҳти пайгард қарор доранд.