Ҳукумати Миср идомаи тазоҳуротро таҳаммул намекунад

Умар Сулаймон-муовини раиси ҷумҳури Миср ҳушдор дод ва гуфт, ки "мо барои муддати тӯлонӣ идома ёфтани тазоҳуротро таҳаммул намекунем". Вай афзуд, ба бӯҳрон ҳар чӣ зудтар бояд хотима дод. Бино ба иттилои хабаргузории давлатии МЕNА, Сулаймон гуфтааст, "режим фаъолияташро хотима намедиҳад" ва президент Ҳуснӣ Муборак фавран Мисрро тарк нахоҳад кард. Дирӯз ҳудуди 250 000 нафар дар майдони Таҳрири Қоҳира тазоҳурот карданд ва хостори истеъфои фаврии Муборак шуданд.