Думаи давлатии Русия имрӯз пушти дарҳои баста масоили марбут ба ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскавро баррасӣ мекунад. Ба ҷаласа раиси Хадамоти федеролии амният Александр Бортников, вазири умури дохилӣ Рашид Нургалиев, Додситони кулл Юрий Чайка, раиси Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин ва вазири нақлиёт Игор Левитин даъват шудаанд. Вакилони парлумон мавзӯъҳои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ва таъмини амният дар нақлиётро баррасӣ мекунанд.
Имрӯз Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чесен, масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи Дододедовои Маскавро бар дӯш гирифт. Ӯ дар сомонаи Кавказ сентр паёми видеоие гузошта дар он таъкид кардааст, ки ин гуна ҳамлаҳо дар Русия идома хоҳанд кард.
Бар асари таркиши маргталабона дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав, ки рӯзи 24 январ рӯӣ дод, 36 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд. Дар бемористонҳои Маскав ва вилояти Маскав 60 тан аз маҷрӯҳон дар ин ҳамла боқӣ мондаанд.