Додгоҳи Лондон имрӯз шояд дар робита ба парвандаи муассиси сомонаи интернетии Викиликс Ҷулиан Ассанҷ ҳукм содир кунад. Дар мурофиаи додгоҳӣ дархости Стокҳолм барои истирдоди Ассанҷ ба Шветсия баррасӣ мешавад. Мақомоти Шветсия муассиси “Викиликс”-ро дар дастдарозӣ ва таҷовуз ба номуси ду зан айбдор мекунанд.
Дар мурофиаи дирӯза вакилони дифоъ ба истирдоди Ассанҷ мухолифат карданд ва изҳор намуданд, ки шояд додгоҳи Шветсия дар баробари ӯ аз ноадолатӣ кор бигирад. Онҳо ҳамчунин аз он нигаронанд, ки баъд аз истирдод ба Шветсия муассиси “Викиликс” ба Амрико интиқол меёбад – Вошингтон Ассанҷро дар ифшои ҳазорон асноди сиррӣ муттаҳам мекунад.
Ҷулиан Ассанҷ баъд аз мурофиаи дирӯза ба хабарнигорон гуфт: "Тайи панҷуним моҳи ахир зиндагии маро ба қуттии сиёҳе табдил дода, болои он “таҷовуз” навишта буданд. Акнун, тавассути мурофиаи додгоҳӣ, ин қуттӣ боз шуд. Ва умедворам, мо фардо мутмаин хоҳем шуд, ки ин қуттӣ холӣ аст ваё он чӣ дар дохилаш аст, бо навиштаҷоти болояш ҳеҷ умумияте надорад".
Интизор меравад, ки баррасии парванда имрӯз поён ёбад ва аммо додрас метавонад эълони ҳукмро ба вақти дигар гузорад.