Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки 14 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Мисрро тарк кардаанд. Онҳо дар ин бора ба сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира-пойтахти Миср хабар додаанд. Онҳо шахсоне будаанд, ки дар феҳристи сафорат барои баргашт ба Ватан сабти ном шудаанд. Ҳоло дар донишгоҳҳои Миср таътил эълон кардаанд, ба ин сабаб донишҷӯёни тоҷикистонӣ ё ба Истамбул ё ба Маскав ва ё ба Дубай парвоз кардаанд. Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, дар сурати таъмини субот дар Миср донишҷӯён ба Миср бармегарданд ва таҳсили худро идома медиҳанд.