Нерӯҳои мухолифини Миср пешниҳоди ҳукумат барои хатми бӯҳрони сиёсиро нокофӣ арзёбӣ намуданд. Рӯзи якшанбе ҳизби бонуфузи “Ихвон-ул-муслимин” ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ бо муовини раисиҷумҳур Умар Сулаймон музокирот анҷом доданд.
Ба гуфтаи намояндагони ҳукумат, ширкаткунандагони гуфтушунид тасмим гирифтанд, ки ба хотири омӯзиши пешниҳодҳо оид ба ислоҳоти Қонуни асосӣ то аввалҳои моҳи март кумитаи вижаеро иборат аз ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорон таъсис кунанд. Ҳизби “Ихвон-ул-муслимин” изҳор намуд, ки дар пешниҳодҳои ҳукумат нияти нек мушоҳида мешавад ва аммо дар онҳо ягон асоси қавие барои тағйироти ҷиддӣ нест.
Имрӯз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бори дигар мавқеашро дар робита ба ҳаводиси Миср баён кард: "Шурӯъи раванди интиқолӣ зарур аст. Муборак аллакай тасмим гирифтааст, ки барои интихоби дубора талош намекунад, мӯҳлати раёсати ӯ имсол поён меёбад. Назари мо ин гуна аст – зарур аст, ки ҳама нерӯҳои сиёсии Миср мавқеъи худро баён кунанд то ки мардуми Миср амалҳои худ дар марҳалаи интиқолиро мушаххас намояд".
Тайи ду ҳафта дар Миср намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои фаврии раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак идома карданд. Ҳуснӣ Муборак эълом дошт, ки дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат нахоҳад кард.