Ихвонулмуслимин ба музокирот хоҳад пайваст

Ихвонулмуслимин, бонуфузтарин ташаккули мухолифини Миср, гуфт, ба музокирот бо мақомот ба хотири хатми буҳрони сиёсӣ дар ин кишвари арабӣ хоҳад пайваст. Ихвонулмуслимин ба хабаргузории Reuters гуфт, ин музокирот имрӯз шурӯъ шуда, нишон хоҳад дод, ки “давлат то куҷо ба пазируфтани талабҳои мардум омода ҳаст.” Ин нахустин музокирот байни давлати Миср ваин ҳизби то ҳол мамнӯъ хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира мехоҳанд имрӯз намози ҷанозаи афроди дар хушунатҳои ахир кушташударо доир кунанд. Муҳаммад, яке аз эътирозгарон имрӯз дар ин майдон гуфт: “Мо дар инҷоем, ки алайҳи раисиҷумҳури Миср эътироз кунем. Ва то даме ки ӯ аз кишвар наравад, мо инҷо хоҳем монд.”
Дирӯз дар пайи эътирозҳои густардаи зиддидавлатӣ кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими миллӣ-демократии Миср ва ду тан аз муттаҳидини наздики раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак, бо шумули писараш Ҷамол, истеъфо доданд. Телевизиони Миср мегӯяд, ба мақоми дабири кулли ҳизби ҳоким Ҳусам Бадравӣ, як табиб ва ислоҳталаби маъруф, баргузида шудааст.