Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи шанбе ба раҳбарони ҷаҳонии гирдиҳамомада дар анҷумани солонаи амниятии Мюнехен гуфт, тағйирот дар Миср бояд сулҳомез бошад. Хонум Меркел гуфт, набояд эътирозгаронеро, ки ислоҳот дар Мисрро талаб мекунанд, нодида гирифт.
Буҳрони Миср дар анҷумани Мюнхен, ки рӯзи ҷумъа оғоз ба кор кард, як мавзӯъи асосӣ шудааст.
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар оғози рӯзи дуввуми ин ҳамоиш фақру тангдастӣ ва ҳамчунин фасод ва камбуди демократияро аз омилҳои бурузи эътирозҳо дар ҷаҳони Араб ном бурд. Дирӯз дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар анҷумани Мюнхен ҳушдор дод, ки беназмӣ дар ҷаҳони Араб метавонад низоми ҷаҳониро зери хатари бесуботӣ қарор диҳад.