Сенатори амрикоӣ Ҷон МакКейн бо лаҳни шадиде ба интиқоди раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка пардохт ва ӯро “як золими бераҳму бетараҳҳум” ба қалам дод. МакКейн гуфт, барои ҳар ҳукумате, ки ҳаққи мардумашро поймол мекунад, рӯйдодҳои кунунии Ховари Миёна ва Миср “сабақи сахтеанд.”
Рақиби ҷумҳурихоҳи Барак Обама дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Амрико дар Литва дар ҷараёни мулоқот бо донишҷӯёни беларусӣ чунин изҳори назар кард. МакКейнро дар ин сафар сенатори мустақил Ҷо Либерман ҳамроҳӣ мекунад.