Имрӯз дар шаҳри Мюнхени Олмон конфаронси 47-уми байнулмилалии амниятӣ ифтитоҳ мешавад. Мавзӯъҳои асосии нишаст, ки дар он қарор аст сарони бархе аз кишварҳо ва ҳамчунин вазирони умури хориҷиву дифоъ ширкат кунанд, паёмадҳои бӯҳрони молиявӣ ва паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ унвон шудаанд. Қааор аст, ки мавзӯъи бӯҳрон дар Миср ва дигар кишварҳои арабӣ низ баррасӣ шавад.
Рӯзи шанбе, 5 феврал, вазирони умури хориҷии Русия ва Амрико аснод дар бораи тасвиби созиши коҳиши силоҳи стратегиро ба ҳам тақдим мекунанд. Баъд аз он созиш ба ҳукми қонун ворид мешавад. Бар пояи созиши ҳосилшуда, Амрикову Русия бояд сеяки силоҳи стратегии худро аз байн бубаранд.