Боздошти гумонбарони се нақшаи ҳамлаҳои террористӣ

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, гумонбарони се ҳамлаи "ноком"-и террористӣ дар Суғд боздошт шудаанд
Идораи амнияти вилояти Суғд дар изҳороти худ гуфтааст, ба далели халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтиш аз ифшои ному насаби боздоштшудагон худдорӣ мекунад.

Дар ин изҳороти Идораи амнияти Суғд гуфта шудааст, ки дар шаби 21 ва 22-юми январ аз вуқӯи инфиҷорҳо дар назди бинои Раёсати корҳои дохилӣ, бинои Идораи амнияти Суғд дар Хуҷанд ва бинои додситонии шаҳри Истаравшан ҷилавгирӣ карда шуд.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, се мошини “машкук”-еро пайдо кардаанд, ки маводи тарканда дошт ва яке аз ин мошинҳои “машкук” ба рӯди Сир андохта ва танҳо рӯзи 23-юми январ берун кашида шуд.

Бахши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Суғд мегӯяд, дар маҷмӯъ аз ин се мошини “машкук” ҳудуди 170 килограмм маводи тарканда дарёфт кардааст.

Ҳоло Идораи амният ва Додситонии вилояти Суғд аз болои ин ҳодиса тафтишотро идома медиҳанд.

Аммо дар ҳоле аз вуқӯи амалиёти даҳшатафканӣ дар вилояти Суғд ҷилавгирӣ шудааст, ки чаҳор моҳ қабл дар ҳавлии бинои Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вилоят ҳамлаи террористӣ сурат гирифта буд.

Дар пайи ин таркиш дастикам 2 нафар кушта ва теъдоде ҳам захмӣ гашта буданд. Дар ин ҳодиса, ки нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад, ҳудуди 30 тан аз маъмурони пулиси маҳаллӣ ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон ахиран эълон карданд, ки ба дунболи таркиши 3-юми сентябр ҳудуди 50 нафар узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар Хуҷанд боздошт шуданд, ки бархе аз онҳо дар ин ҳодиса даст доштаанд.

Тафсилот бо назарҳои мухталиф дар ҳамин ҷо нашр мешавад