Дар ҳаводиси Қоҳира се кас кушта шудаанд

Теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, то 3 нафар афзоиш ёфт. Бар пояи иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса беш аз 600 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар майдони Таҳрир садҳо ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак ба эътирозгарон ҳамла карданд. Мухолифин дар ин ҳамла ниҳодҳои қудратии Мисрро айбдор мекунанд. Бан Ки Мун, Дабири куллии СММ, дар робита ба ҳаводиси Миср гуфт: "Ман аз идомаи хушунат дар Миср амиқан нигаронам. Ман бори дигар ҳама ҷонибҳоро ба сабурӣ даъват мекунам. Он чӣ, ки мегузарад, ғайри қобили таҳаммул аст. Ҳама гуна ҳамла ба эътирозгарони осоишта таҳаммулнопазир аст, ман инро қатъӣ маҳкум мекунам".
Ҳуснӣ Муборак шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд.