Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, мақараш дар Порис аз афзоиши мавридҳои таъқиби хабарнигорони тоҷик изҳори ташвиш кард. Элза Видал, раҳбари бахши аврупоии ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо тасмим гирифтем, ба изҳори нигаронии Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили ин кишвар, дар робита ба шикояти додгоҳӣ алайҳи нашрияи “Азия Плюс” ҳамроҳ шавем. Дар моҳҳои охир вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон башиддат рӯ ба вахомат овардааст. Мақомоти Душанбе бояд бифаҳманд, ки роҳ додан ба идомаи чунин тамоюл мумкин нест.”
Имрӯз Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва НАНСМИТ низ дар як изҳороти муштарак аз таъқиби журналистони тоҷик изҳори нигаронӣ карданд. Дар баёнияи ин ду созмон омадааст, “мавридҳои афзояндаи таъқиби журналистон ва шеваи шикоёти додгоҳӣ ҳокист, ки ҳадафи ниҳоӣ бастани даҳони хабарнигорон аст, на ислоҳи иштибоҳҳо ё тантанаи адолат.”
Ахиран Анвар Тағоймуродов, раҳбари РУБОПИ ВУДТ алайҳи ҳафтавори “Азия Плюс” ба додгоҳ шикоят бурда, барои матлаби “Тафтишот ё инквизитсия” аз ин нашрия 1 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Феълан боз ду даъвои дигар алайҳи нашрияҳои Тоҷикистон ба маблағи шашуним миллион сомонӣ дар дасти баррасии додгоҳҳо қарор дорад.