Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон барои берун рафтан аз ин кишвар муроҷиат накардаанд.
Озарбойҷон, ҳатто баъд аз кушта шудани корманди сафораташ Ниҷат Қосаеви 25-сола, рӯзи 31-уми январ ҳудуди 100 нафар шаҳрвандонашро аз Миср ба Боку баргардонд. Дар чунин ҳолат вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср, дар ин кишвари ғарқи тазоҳуроти эътирозӣ чӣ гуна аст? Нарзуллоҳ Назаров-сафири Тоҷикистон дар Қоҳира-пойтахти Миср дар ин замина гуфт:
Назаров: Дар бораи диаспораи Тоҷикистон ман гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин ҷо ҳудуди 40 нафар донишҷӯён иқомат мекунанд. Онҳо дар донишгоҳҳои Қоҳира ва шаҳрҳои дигар аз рӯи квота мехонанд. Ягон нигаронӣ вуҷуд надорад. Инчунин шуморе аз донишҷӯёни донишгоҳи Азҳар низ боқӣ мондаанд. Ҳама ороманд ва ҷои хавотирӣ нест.
Суол: Ҷаноби сафир, аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ Озарбойҷон ягона кишваре буд, ки донишҷӯён ва шаҳрвандони худро ба Озарбойҷон баргардонд. Дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ, агар Тоҷикистонро дар назар нагирем, чун вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки шаҳрвандонашро барнамегардонад, боз кадом кишварҳо мехоҳанд, ки шаҳрвандонашонро ба ватан баргардонанд?
Назаров: Дар асоси тамосҳое, ки хусусан бо сафорати Русия доштем, дар ин роҳ иқдоме сурат нагирифтааст. Ҳама ором, дар режими муътадили маъмулӣ корро идома медиҳанд. Танҳо баъзе дархостҳо аз ҷониби шуморе аз донишҷӯён шуда истодааст, ки агар мумкин бошад, баргарданд. Вале то ҳол тасмими расмӣ гирифта нашудааст.
Суол: Маъмулан кишварҳои Шӯравии собиқ, ба вижа кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия пайравӣ мекунанд. Шаҳрвандони Русия мисли ин, ки нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои дигари Шӯравии собиқ низ зиёданд. Онҳо иқоматашонро ҳамчунон дар он ҷо идома медиҳанд ё Русия ҳам барномае барои бозгардонидани шаҳрвандонаш дорад?
Назаров: Мо бо сафири Русия тамос доштем. Вай гуфт, ки онҳо дар ҳолати маъмулӣ кор мекунанд ва нигароние надоранд. Донишҷӯёнашон таҳсил мекунанд. Дар ин ҷо сайёҳони Русия ҳам зиёданд. Онҳо дар шаҳрҳои гуногуни Миср истироҳат мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳама дар ҳолати эҳтиётӣ кор мекунанд. Ягон кас эвакуатсия нашудааст. Ҳеҷ касро ба ватан мутташаккилона барнагардонидаанд. Ҳавопаймоҳои Русия, ки ширкатҳои сайёҳии Русия ба ҳамлу нақли сайёҳон машғуланд, мӯътадил парвозҳояшонро анҷом медиҳанд. Танҳо дар баъзе шаҳрҳо мисли шаҳрҳои Қоҳираву Искандария ва Исмоилияву Суетс соатҳои комендантӣ (қуюди шабгарӣ) ҷорӣ шудааст. Шаҳрҳои дигар ороманд. Масалан, Шармушшейх, Ғардақа яъне Хургада ороманд ва ба он ҷо сайёҳон аслан аз Русия меоянд. То ҳол гирифтани чораҳои қатъӣ дар ин мавзӯъ пеш наомадааст. Тамоми намоишҳое, ки дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигар ҳаст, намоишҳои мусолимаомезанд, яъне мардум силоҳ надоранд. Ба ин хотир мавзӯи базгаштани донишҷӯён ё шаҳрвандони мо аз ин кишвар матраҳ нашудааст. Лекин ба ҳар ҳол мо эълон кардаем, ҳар касе мехоҳад, сабти ном кунад ва агар шумораи зарурӣ пайдо шавад, шояд мо онҳоро ба Тоҷикистон бармегардонем.
Суол: Ҷаноби сафир, сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қоҳира дар пойтахти Миср тамосҳояшро бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки албатта бештарашон донишҷӯ мебошанд, аз чӣ роҳе таъмин мекунад?
Назаров: Мо дар ин ҷо бо онҳо тамоси доимӣ дорем, ҳатто бо донишҷӯёне, ки дар донишгоҳи Азҳар мехонанд. Телефонҳои мо бо онҳо боз аст. Тамоси телефонӣ дорем. Мо барои чунин тамосҳо чанд нафарро муваззаф ҳам кардаем. Онҳо донишҷӯёни фаъоланд, ки рӯйхатҳо ҳам тартиб медиҳанд, ба сафорат ҳам меоянд. Мо мебинем, ки донишҷӯён чӣ дархост доранд, то тибқи он амал кунем. Касе дар ин намоишҳо иштирок надорад. Ҳама бо мо ва бо Ватан бо падару модар, бо оилаҳои худ дар тамос ҳастанд. Ҳоло дар Қоҳира танҳо тамоси телефони мобилӣ (телефони ҳамроҳ) вуҷуд дорад, навъҳои дигари иртибот қатъ шудаанд, интернет нест ва танҳо ба воситаи телефони мобилӣ тамосҳои байни сафорат бо шаҳрвандон ва шаҳрвандон бо Ватан идома дорад.