Ҳукумати Миср бо мухолифин музокирот мекунад

Муовини тозаинтихоби раисиҷумҳури Миср Умар Сулаймон эълом дошт, ки сарвари давлат Ҳуснӣ Муборак ӯро барои шурӯъи музокирот бо мухолифин масъул кардааст. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур ҳамчунин хостори иҷрои қарори Додгоҳи таҷдид назар шудааст ва рӯзҳои наздик дар қитъаҳое, ки ҳангоми интихоботи тирамоҳи соли гузашта қонуншиканиҳо сабт шуда буданд, раъйдиҳии ҷадид баргузор мешавад. Аз ин пештар аъзои ҳукумати нави Миср дар назди раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак савганд ёд карданд. Ба ҳайати ҳукумат тағийрот ворид гардид, аз ҷумла, вазири умури дохилӣ Ҳабиб Адлӣ аз мақом барканор шуд.
Эътирозҳо дар Миср идома хоҳанд кард ва қарор аст имрӯз "раҳпаймоии миллионҳо" баргузор шавад.