Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, ва беш аз 150 мансабдори ин кишвар аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шуданд. Дар ин бора дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюсел тасмим гирифта шуд. Ба ҷуз ин таҳримҳо, ҳамчунин ҳисобҳои бонкии ин мансабдорони белорус мунҷамид мешаванд. Таҳримҳо – вокуниш ба саркӯбсозии мухолифини Белорус баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта аст. Он вақт садҳо эътирозгарон ва чанд тан аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур боздошт шуда буданд.
Рӯзи шанбе Минск дар бораи раҳоии ҳафт тан аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла, собиқ номзад ба мақоми президентӣ Владимир Некляев, хабар дод. Ва аммо ҳамаи онҳо дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд.
Рӯзи шанбе Минск дар бораи раҳоии ҳафт тан аз боздоштшудаҳо, аз ҷумла, собиқ номзад ба мақоми президентӣ Владимир Некляев, хабар дод. Ва аммо ҳамаи онҳо дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонанд.