ИМА бори дигар хостори интихоботи озод дар Миср шуд

ИМА Муттаҳида бори дигар хостори баргузории интихоботи озоду одилона дар Миср шуд. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс дар ин бора изҳорот пахш намуд ва аммо гуфт, ки Вошингтон аз таъсиси кобинаи нави вазирони Миср пуштибонӣ намекунад, зеро ҳоло вақти амал аст ва ва вақти таъинот.
Дар ҳамин ҳол Кэтрин Эштон, раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, ахиран аз мақомоти Миср даъват намуд, ки музокирот бо мухолифинро шурӯъ намоянд. Хонум Эштон афзуд, "мо даъват мекунем, ки ҳама эътирозгарони осоиштаи дастгиршуда раҳо карда шаванд. Волоияти қонун, ҳуқуқи башар – ин арзишҳоеанд, ки барои раҳбарияти Миср ҳам авлавият дошта бошанд. Мақомоти ин кишвар бояд ба талаби мардуми худ гӯш кунанд ва ба онҳо посух диҳанд".
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар навбати худ, аз хатари сари қудрат омадани гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ дар Миср ҳушдор дод. Дирӯз Исроил ҳамчунин барои истиқрори низомиёни Миср дар нимҷазираи Синай розӣ шуд. Тақрибан 800 афсару сарбози мисрӣ дар канори шаҳри Шарм-ул-Шайх, дар дусадкилометрии марзи Исроил, ҷойгир хоҳанд шуд. Тибқи созиши сулҳи соли 1979, Исроил нимҷазираи ишғолии Синайро ба Миср баргардонд, дар посух Миср ин мавзеъро ғайринизомӣ эълон кард.