Дар Русия раиси идораи сохтмони иншооти бозиҳои Олимпии зимистонии соли 2014 дар Сочӣ аз мақоми худ истеъфо дод. Хабаргузориҳои Русия аз қавли сухангӯи ин идора гуфтааст, Таймураз Боллоев-раиси ширкати "Олимпстрой" барои вазъи саломатиаш аз мақом истеъфо додааст. Дар ин шаҳри соҳилии Баҳри Сиёҳ ба маблағи 12 миллиард доллар иншооти олимпӣ бунёд мешавад. Владимир Путин-нахуствазири Русия Боллоевро моҳи июни соли 2009 раиси ин ширкат таин карда буд. Дар давоми се сол ин севвумин раиси ширкат аст, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад.