Ҷон Бэррӣ-оҳангсози машҳур, ки панҷ бор ба дарёфти ҷоизаи Оскар ноил омадааст, рӯзи якшанбе дар Нию Йорк дар синни 77-солагӣ даргузашт. Ин оҳангсози англис бо чанд мусиқии офаридаи худ барои филмҳои Ҷеймз Бонд ном бароварда буд. Вай барои мусиқӣ дар филми "Зодаи озод" ду ҷоизаи Оскар, барои филмҳои "Бабри зимистонӣ", "Хориҷ аз Африқо" ва "Рақс бо амвоҷ" се ҷоизаи дигар дарёфт кард. Вай барои офаридани мусиқӣ барои ду филми дигар низ ба ҷоиза пешиниҳод шуда буд. Ҷон Бэррӣ барои даҳ филми Ҷеймз Бонд мусиқӣ офаридааст. Нахустини он филми "Доктор На" ном дошт, ки дар соли 1962 офарида шуда буд.