Сафоратхонаи Амрико дар Бишкек гуфтааст, аз одилона будани мурофиаи додгоҳии вобаста ба кушторҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон нигарон аст. Додгоҳи Олӣ 26-ӯми январ муҳокимаи парвандаи Азимҷон Аскаров-мудофеи машҳури ҳуқуқи башар ва 7 нафари дигар узбактаборонро оғоз кард. Онҳо барои куштори корманди пулис дар моҳи июни соли гузашта муттаҳам дониста мешаванд. Аскаров ва 4 нафари дигар ба ҳабси абад ва 2 нафар ба 20 соли зиндон маҳкум шудаанд. Сафорати Амрико аз Додгоҳ хост, ки муҳокима ва расидагӣ ба парвандаҳо мунсифона анҷом бигирад.