Муҳаммад Ал-Бародаӣ, яке аз пешвоёни мухолифони Миср имрӯз гуфт, Ҳуснӣ Муборак ба хотири ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бояд ҳамин рӯз аз мақомаш биравад. Ал-Бародаӣ, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел ба телевизиони Си Эн Эн гуфт, “Муборак бояд биравад, то баъди ӯ гузори нарм ба ҳукумати ваҳдати миллӣ сурат бигирад ва баъди он тамоми шароит барои интихоботи шаффофу одилона фароҳам шавад. “ Муҳаммад Ал-Бародаӣ, мудири собиқи Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, баъди бозгашташ ба Қоҳира дар рӯзи 27 январ гуфт, агар аз ӯ бихоҳанд, ба гузариши сиёсӣ дар Миср кӯмак хоҳад кард. Пештар аз ин Ихвон ул-Муслимин умдатарин гурӯҳи мухолифони Миср гуфт, мувофиқ аст, то Бародаӣ аз номи мухолифон бо ҳукумати гирифтори Муборак музокира кунад. Бо вуҷуди манъи муқаррароти рафту омад, дар Миср тазоҳурот дар ин кишвар бузургтар мешавад. Имрӯз даҳҳо ҳазор дар майдони марказии шаҳри Қоҳира ҷамъ омада ва ҳамчунон истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб карданд. Пеш аз ин дар шаби гузашта, Миср шоҳиди ғоратгариву бенизомиҳои зиёд шуд ва имрӯз ҳузури нерӯҳои артиш дар хиёбонҳо тақвият ёфт.