Порлумони Эрон имрӯз Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси энержии атомии ин кишварро дар мақоми вазири умури хориҷа пазируфт. Номзадии Солеҳиро ба ин мақом, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод кард ва аз миёни 241 вакили Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, 146 нафар ба ӯ раъйи эътимод додаанд. Қабл аз раъйгирӣ дар порлумон, Алӣ Акбар Солеҳӣ ба вакилон гуфт, баҳс бо ҷомеаи байналмилалӣ бар сари барномаҳои атомии Эрон “яке аз муҳимтарин дастури кори сиёсати хориҷӣ” хоҳад буд. Кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки Теҳрон пайваста рад мекунад.