Эшони Нуриддин дигар имомхатиби Муҳаммадия нест

Эшони Нуриддин яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, имомхатибии масҷиди бузурге дар шаҳри Ваҳдатро ба бародараш вогузор кардааст. Ин рӯҳонӣ, ки дар гузашта ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даъват шудааст, масъулияти сарварии масҷиди “Муҳаммадия”-ро бар дӯши Маҳмудҷони Тӯраҷонзода гузоштааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, бародари дигар ин хонавода, ишора кард, ки ин кор бо тавсияи мақомоти расмӣ сурат гирифтааст: “Албатта ин баъди пешниҳоду тавсияҳои дар нохунаки баъзе аз масъулин буд, ки беҳтар аст бародарро аз хатибии масҷид озод кунем, зеро эшон дар маҷлисҳои ҳукумат, зиёд ширкат намекарданд ва ғазаби мансабдорҳоро меовард. “ Се сол пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи Эшони Нуриддин парвандаи ҷиноӣ боз карда ва гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ оромиши ҷомеъаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.