Вазъи захмиёни тоҷик муътадил арзёбӣ мешавад

Як нафар аз ҷумлаи 19 захмии тоҷик дар таркиши "Домодедово"-и Маскав, аз бемористон ҷавоб дода шудааст. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин шахс Насиба Самиева ном дошта пас аз ба ҳолати мӯътадил баргаштан, аз бемористон ҷавоб дода шудааст ва боқимондаи захмиён дар бемористонҳои мухталифи Маскав зери муоина қарор доранд. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба истиснои ду нафар аз ин захмиён, аксари онҳое, ки рӯзҳои қаблӣ вазъи онҳо вахим арзёбӣ мешуд, дар ҳолати мӯътадил қарор доранд. Ба иттилои ин манбаъ, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзона ду маротиба аз вазъи захмиён бохабар шуда вазъи онҳоро зери назорат қарор додаанд.