Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дирӯз дар як нишасти хабарӣ аз таҳвили 1100 километри мураббаъ хоки кишвараш ба Чин ҳимоят кард ва гуфт, тасвиби қарордоди аломатгузории марзи Тоҷикистону Чин ба як баҳси тӯлонии таърихӣ нуқтаи таммат гузошт ва ба сӯди Душанбе буд. Ҳамроҳхон Зарифӣ вуҷуди кадом муомилаи махфие дар масоили марзӣ бо Пекинро радд кард.
Парлумони Тоҷикистон дар ду ҳафтаи пеш қарордоди аломатгузории марз бо Чинро тасвиб кард. Бархе донишмандон, аз ҷумла академик Раҳим Масов аммо ҳаққи Чин ба ин қаламрави барояш таҳвилшударо радд мекунанд.