Номи Путинро барои қуллае дар Қирғизистон рад карданд?

Яке аз ҳизбҳои мухолифи давлати Қирғизистон дар порламони ин кишвар бар зидди пешниҳоди ҳукумат дар бораи ба номи Владимир Путин гузоштани номи яке аз қуллаҳо эътироз кард. Ҷумарт Сапарбаев-намояндаи порламон аз ҳизби Ата-Мекен гуфт, чунин кор нақзи қонунҳои Қирғизистон аст, ки ба номи сиёсатмадорони зинда гузоштани ҷойҳои ҷуғрофиёиро мамнӯъ мекунад. Алмазбек Атамбаев-нахуствазири Қирғизистон охири моҳи декабр ба полрламон пешниҳод кард, ки қуллае дар ноҳияи Чуй дар шимоли кишвар ба номи Путин гузошта шавад.