Нозирони байналмилалӣ, ки интихоботи гузаштаи порлумонии Озарбойҷонро назорат карданд, хостори талошҳои ҷиддӣ барои тазмини интихоботи дурусту одилона шудаанд. Дафтари ниҳодҳои демократи ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар гузориши ниҳоии худ дар мавриди интихоботи рӯзи 7 ноябри Озарбойҷон, бо интиқод аз шеваи баргузории интихобот аз мақомоти расмии ин кишвар хостаанд, то ҷиҳати фароҳам кардани шароити солим ва баробар барои тамоми номзадҳои интихоботӣ ҷиддан саъю кӯшиш кунанд. Дар интихоботи порлумонии соли гузашта ҳизби ҳокими Озарбойҷони нави раиси ҷумҳур Илҳом Алиев аз миёни 125 курсӣ, бештар аз 70 курсии порлумонро ба даст овард ва бақияи курсиҳо насиби номзаҳдои вафодор ба Илҳом Алиев шуд. Нозирони аврупоӣ гуфтаанд, ки интихоботи мазкур ғайридемократӣ ва мухолиф ба қонунгузориҳои дохилӣ сурат гирифтааст.