Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз паёми дуввуми солонаашро ироа хоҳад кард. Интизор меравад, Обама ин бор ҷиҳати таъсиси ҷойҳои бештари корӣ ваъда супурда, коҳиши масрафотро дар меҳвари нимаи дуввуми давраи раёсаташ қарор диҳад. Паёми Барак Обама дар ҳоле ироа мешавад, ки Конгресс ду тақсим шудааст. Дар интихоботи моҳи ноябр ҷумҳурихоҳон назорати Маҷлиси намояндагонро ба даст оварда, аксарияти демократии Сенатро низ танг карданд.