Нафари гумонбар ба тирандозии рӯзи 8 январ дар шаҳри Тускони аёлати Аризонаи Амрико иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо эътироф накард. Ҷаред Лӣ Лоҳери 22-сола ба қатли 6 нафар ва захмӣ кардани 12 тани дигар, бо шумули вакили Конгресс Габриэлле Гиффордс айбдор мешавад. Хонум Гиффордс, ки дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагонаш аз ноҳияи сари худ тир хӯрд, дар бемористони аёлати Техас ба оҳистагӣ ба ҳуш меояд. Вале ин раванд метавонад чандин моҳро дар бар бигирад.