Дар пайи таркиши эҳтимолан интиҳории дирӯза дар Маскав тадобири амниятӣ дар пойтахти Русия шадидтар шудааст. Бар асари инфиҷор дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дастикам 35 нафар кушта, беш аз 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сомонаи “Комсомолская правда” менависад, ҳуввияти 15 тан аз кушташудагон шиносоӣ шуда, якеаш – Ҷабборов Собир- шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ин таркишро ҳамлаи террористӣ номидва аҳд супурд, ки масъулонашро пайдо хоҳанд кард. Касе то ҳол масъулияти ҳамлаи “Домодедово”-ро бар дӯш нагирифтааст, ҳарчанд ангушти гумонҳо ин бор ҳам ба сӯи чирикиҳои Қафқози шимолӣ баланд шудааст. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, “аз ин амали осафбор ва ғайри қобили тавҷеҳи хушунат алайҳи мардуми бегуноҳ ба ваҳшат омадааст." Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама таркишро “амали хашмовари терроризм” номида, ба Маскав пешниҳоди кумак кардааст.