Таркиш дар "Домодедово" тафтиш хоҳад шуд

Дар робита ба таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба Кумитаи тафтишоти кишвар хабар доданд. Вазорати ҳифзи сиҳати Русия ахиран эълом дошт, ки дар ин ҳодиса дасти кам 31 нафар кушта ва 130 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ки таркиш дар канори як қаҳвахонаи толори парвозҳои байнулмилалӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бархе аз хабаргузориҳо дар бораи рӯх додани ду таркиш иттилоъ додаанд ва аммо ин хабар ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи тартиботи Русия гуфтааст, ки як маргталаб худро дар фурудгоҳ мунфаҷир кардааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, бо вуҷуди таркиш, парвозу фуруди ҳавопаймоҳо дар “Домодедово” қатъ нашудааст.