Ду фаъоли сиёсӣ дар Теҳрон ба дор овехта шуданд

Дар Теҳрон ду фаъоли сиёсӣ ба дор овехта шуданд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба додситонии Теҳрон навиштаанд, ки Ҷаъфар Козимӣ ва Муҳаммадалӣ Хоҷаоғоӣ барои робитаашон бо гурӯҳи мухолифи ҳукумат - Созмони муҷоҳиддини мардуми Эрон ва ширкат дар намоишҳои эътирозии баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ дар моҳи июни соли 2009 маҳкум ба эъдом шуда буданд.
Як сол пеш як узви дигари Созмони муҷоҳиддини мардуми Эрон ҳам бо иттиҳоми ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ба қатл маҳкум шуда буд.