Мақомоти Фаластин иттилоъ дар бораи пешниҳодҳои махфӣ ба Исроил дар ҷараёни музокироти сулҳи Ховари Миёнаро рад карданд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, фаластиниҳо пешниҳод намуданд, ки маҳаллаҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси шарқӣ зери назорати Исроил боқӣ бимонад.
Соҳиб Эрекот, намояндаи аршади Фаластин дар музокироти сулҳ, асноди пахшнамудаи шабакаи телевизиониии “Ал-Ҷазира” ва нашрияи бритониёии “Гардиан”-ро дар ин бора “тақаллубӣ” номид. Дар ин аснод гуфта шудааст, ки фаластиниҳо дар робита ба Байтулмуқаддас аз хости Исроил дида бештар гузашт кардаанд.
Вазорати умури хориҷии Амрико изҳор намуд, ки асл будани ин ҳуҷҷатҳоро тайид карда наметаовнад.
Ҳам фаластиниҳо ва ҳам исроилиҳо Байтулмуқаддасро пойтахти давлати худ эълон карданианд.