Эрон мегӯяд, барои музокироти баъдии барномаҳои ҳастаияш бо 6 қудрати ҷаҳонӣ боз боқӣ мемонад. Раиси он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, "агар ҷониби дигар ба усули адолат, қонуният ва ҳусни эҳтиром пойбанд бимонад, бояд умед баст, ки дар гуфтугӯҳои баъдӣ натоиҷи қобили мулоҳиза ба даст хоҳад омад." Ин изҳорот дар ҳолест, ки қудратҳои ҷаҳонӣ аз ду рӯзи баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон дар Истамбул изҳори таассуф кардаанд. Музокироти Истамбул байни Теҳрон ва гурӯҳи 5+1, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният – Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чинро бо иловаи Олмон дар бар мегирад, бидуни кадом натиҷа поён ёфт. Вазири хориҷаи Фаронса гуфт, Порису муттаҳидинаш метавонанд баъди ин нокомӣ дар фикри эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Эрон шаванд.