Намояндагони нави порламон дастури Карзайро рад карданд

Намояндагони порламони нави Афғонистон эълон кардаанд, ки дар поёни ҳамин ҳафта нахустин иҷлоси порламони навро шурӯъ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар тасмим гирифтааст, ки нахустин иҷлос рӯзи якшабне оғоз гардад, вале муаррефии порламони нав то як моҳи дигар то 22-юми феврал мавқуф гузошта шавад. Дафтари Ҳомид Карзай гуфтааст, сабаби чунин таъхир ин аст, ки бояд додгоҳи вижа ба шикоятҳо дар бораи тақаллуб дар интихобот расидагиро ба поён расонад.