Қарор аст нахустин зани мусулмон Саида Ворисӣ ба узвияти кобинаи Британия дарояд ва дар ин кобина ба курсии вазирӣ нишинад. Вай аз Ҳизби Муҳофизакори нахуствазир Дэвид Камерон аст. Ворисӣ вазири ба истилоҳ "бе портфел" хоҳад буд ва дархостҳои нахуствазирро иҷро мекунад. Хонум Ворисӣ мегӯяд, дар ҷомеаи Британия таҳаммулпазирӣ камтар шудааст. Вай мегӯяд, ақидае, ки пайравони исломро чун "тундрав" ва "ислоҳотталаб" талақӣ мекунад, метавонад дар ҷомеа дар бораи таҳаммулпазирӣ суитафоҳум ба вуҷуд орад.