Муҳаммад Хазоӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ба ваъдаи ду соли пеши худ барои раҳандозии муколама бо Эрон вафо накардааст. Муҳаммад Хазоӣ гуфт, Барак Обама, иштибоҳоти Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Амрикоро такрор мекунад. Ӯ афзуд, Эрон мехоҳад, дар мулоқоти ахири ин ҳафта бо панҷ узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон дар шаҳри Истанбул бархӯрд бо кишвараш боэҳтиром ва одилона бошад. Сафири Эрон дар Созмони Милал ибрози умедворӣ кард, ки дар гуфтӯгуҳо дар Истанбул, нақшаи музокироти оянда ҷиҳати ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон таҳия шавад.