Қарор аст, имрӯз ҷаласаи васеъи ҳукумати Тоҷикистон идома кунад, ки дар ин ҷаласа, ба ҳосили кори ҳукумат ва ниҳодҳои давлатӣ дар соли гузашта баҳо медиҳанд. Дар рӯзи аввали ҷаласа раҳбарони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гузориш додаанд, чун нооромиҳои соли гузашта дар шарқи кишвар нигарониҳо аз субот дар Тоҷикистонро барангехт. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, дар ин ҷаласа аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ибрози нигаронӣ шудааст. Аз ҷумла бо зикри масъалаи бозгардонидани донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, аз ҳисоби 3 ҳазор ҷавонон ва наврасони тоҷик, ки дар мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷӣ таҳсил мекунанд, бештар аз 90 нафари онҳо ба кишвар бозгаштаанд.