Хотимаи таҳқиқи парвандаи қатли нахуствазири собиқи Лубнон

Додситонҳои Созмони Милал, таҳқиқи парвандаи муттаҳамон ба қатли Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнонро поён дода ва онро барои муҳокима ба додгоҳи махсуси Созмони Милал супурдаанд. Додгоҳи байналмилалӣ дар Гаага бо нашри як баёния дирӯз гуфт, додситон Даниел Белмар, парвандаро ироа кардааст, ки бовар меравад, дар он созмони Ҳизбуллоҳро ба қатли Рафиқ Ҳарирӣ муттаҳам кардаанд. Парвандаи мазкурро як додраси дигар бозбинӣ ва иттиҳомоти онро таъйид карда ва сипас дастури боздошт ва ё ҳозир кардани муттаҳамони эҳтимолӣ ба додгоҳро содир мекунад. Баъди бомбгузории хунини 14 феврали соли 2007 дар шаҳри Бейрут, ки Рафиқ Ҳарирӣ дар он кушта шуд, Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо судури қатъномае хост, то қотилони нахуствазири пешини Лубнон пайдо карда шаванд.