Дархости Назарбоев аз Шӯрои Қонуни Асосии кишвараш

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон имрӯз аз Шӯрои Қонуни Асосии кишвараш хост, пешниҳоди баргузории райпурсии ҳамагониро, ки тибқи он мӯҳлати раёсати ҷумҳурии вай то соли 2020 тамдид хоҳад шуд, биомӯзад. Ҳафтаи гузашта порламони Қазоқистон ба иттифоқи оро баргузории райпурсиро ба тасвиб расонд. Ин райпурсӣ ба хотири он баргузор мешавад, ки Назарбоев битавонад бидуни баргузории интихобот фаъолияти худро чун раиси ҷумҳур идома диҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, ин дархости Назарбоев барои он аст, ки вай ба таври расмӣ худро аз ин нақшаҳо канор бигирад, зеро ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо аз баргузории ин райпурсӣ интиқод карданд. Шӯрои Қонуни Асосӣ ва порламони Қазоқистон комилан зери итоати Назарбоев аст.