Дар инфиҷори автобусе дар Покистон 15 нафар кушта шуд

Дар шимоли ғарби Покистон дар инфиҷоре дар автобуси хурд дастикам 15 нафар кушта, даҳҳо нафар маҷруҳ шудаанд. То ҳол дақиқ нашудааст, ки ин инфиҷор дар натиҷаи бамгузорӣ рух додааст ё аз муҳаррики автобус, ки бо газ кор мекард. Ин автобус дар роҳи миёни шаҳрҳои Ҳангу ва Коҳат ҳаракат мекард. Тундравҳои исломӣ дар ин минтақа зуд-зуд ба шаҳрвандон ва нируҳои амниятӣ ҳамла мебаранд.